Дар Панҷакент сохтмони иншооти соҳаи маориф идома дорад

29 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои сохтмонии як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Вору бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 шинос шуд.
Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 10 синфхона ва 10 ҳуҷраи корӣ ҷой дода шуда, барои 240 хонанда шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар бунёди бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва бинои муассисаи таҳсилоти томактабии деҳа саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад.
Сипас, Раиси вилоят бо рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар деҳаи Марғедари Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шинос гардид.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар 21 муассисаи соҳаи маорифи шаҳр корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди биноҳои наву иловагии таълимӣ ва синфхонаҳо барои 11 ҳазору 380 ҷойи нишаст идома доранд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони деҳа таъкид намуд, ки таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо аз вазифаҳои муҳими падару модарон ба ҳисоб меравад. Волидайн бояд бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории доимӣ дошта, дар пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб саҳм гузоранд.
Дар деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент низ сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Файзулло Ансорӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва сокинони деҳа идома дорад.
Аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои сеошёнаи муассиса дорои 31 синфхона, толори варзишӣ, китобхона, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад буд. Тибқи нақша, дар назди муассиса сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ пешбинӣ шудааст.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони Қасри варзиш ва майдони Парчами давлатӣ шинос шуда, ба роҳбарияти шаҳр барои татбиқи босифати лоиҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд