Имрӯз, 28 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» ба кори худ оғоз намуд.
Форум ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ бахшида шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мегардад.
Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷавонон ва занон, инчунин намояндагони ҷамоатҳои маҳаллии се кишвари водии Фарғона — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Форумро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода оғоз намуд.
Хайридин Усмонзода иброз дошт, ки водии Фарғона на танҳо фазои ҷуғрофии се давлатро ба ҳам мепайвандад, балки фазои таърихи муштарак, фарҳанг, робитаҳои инсонӣ ва суннатҳои неки ҳамсоягӣ мебошад.
Ба гуфтаи номбурда дар тӯли асрҳо мардуми водии Фарғона паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, тиҷорат намуда, аз ҳамдигар омӯхта, оила барпо карда ва дар ташаккули мероси ғании фарҳангии минтақа саҳми муштарак гузоштаанд. Аз ин рӯ, сулҳ, субот, эътимод ва ҳамсоягии нек дар водии Фарғона аҳаммияти фаротар аз ҳудуди давлатҳои алоҳида дошта, яке аз шартҳои муҳими рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.
Аснои суханронии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба аҳаммияти таърихии Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, ки 31 марти соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар Форум қайд гардид, ки ин санадҳо шаҳодати муҳими иродаи сиёсии роҳбарони се давлат ҷиҳати ҳалли осоиштаи масъалаҳои мураккаб, таҳкими эътимоди мутақобила ва ташаккули сатҳи нави муносибатҳои неки ҳамсоягӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Эъломияи Хуҷанд талошҳои мардуми минтақа барои сулҳ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек, инчунин омодагӣ ба ҳамкории муштарак баҳри ояндаи устувор ва шукуфони водии Фарғонаро инъикос менамояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки табодули озод ва касбии афкор дар доираи Форум барои таҳияи ғояҳои нав, тавсияҳои амалӣ ва ташаббусҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни мардуми минтақа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар суханрониҳои роҳбарони вилоятҳои Фарғона ва Ботканд аҳамияти таҳкими минбаъдаи сулҳ, эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар водии Фарғона, рушди муколамаи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид
Ҳамзамон, ба нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар дастгирии ташаббусҳои сулҳофар, рушди муколамаи ҷомеаҳо, таҳкими эътимоди мутақобила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳамчун платформа барои муколамаи озоди коршиносӣ, институтсионалӣ ва ҷамъиятӣ оид ба таҳкими сулҳ, эътимод, ҳамсоядории нек ва ҳамкории устувор миёни кишварҳо ва халқҳои водии Фарғона хизмат хоҳад кард.
Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони Форум масъалаҳои марбут ба дурнамои стратегии рушди минтақа, таҳкими суботи минтақавӣ ва амният, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва саноатӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор доранд.
Дар доираи муҳокимаҳои алоҳида ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва занон дар ташаккули рӯзномаи сулҳомез ва устувори минтақавӣ, ҳамкории касбии воситаҳои ахбори омма, инчунин иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ дар таҳкими эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Иштирокчиёни Форум имконият доранд, ки таҷрибаи худро мубодила намуда, мушкилот ва имкониятҳои мубрами минтақаро баррасӣ кунанд, инчунин тавсияҳо ва ташаббусҳои амалиро таҳия намоянд, ки метавонанд дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ амалӣ карда шаванд.
Бояд қайд намуд, ки Форум ду рӯз идома хоҳад кард. Дар рӯзи дуюми Форум баргузории як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пешбурди ташаббусҳои мусоидаткунанда ба сулҳ, эътимоди мутақобила ва рушди устувори минтақа равона хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




