Бо мақсади иштирок дар Форуми дуюми сулҳи Фарғона ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров ва ҳайати ҳамроҳонаш ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии «Патар»-и шаҳри Конибодом бо меҳмоннавозии хоси тоҷикона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.
Раиси вилояти Суғд меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Фарғона сол ба сол густариш ёфта, дар соҳаҳои гуногун робитаҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол то имрӯз ба беш аз 400 миллион доллари ИМА расидааст.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеи иқтисодиву истеҳсолӣ буда, бо истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда метавон натиҷаҳои ҳамкориҳоро боз ҳам афзоиш дод. Дар ин замина, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату иқтисод, маорифу тандурустӣ, илму техника, кишоварзӣ, ҷавонон ва фарҳанг муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар барои боз ҳам таҳким ёфтани робитаҳои бародаронаи халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки рушди истеҳсолот, савдо, сайёҳӣ ва фарҳанг, афзоиши мубодилаи молу маҳсулот ва баргузории чорабиниҳои муштарак аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду вилоят ба ҳисоб мераванд. Форуми сулҳи Фарғона низ ҳамчун майдони муҳими муколама барои таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳои байни минтақаҳо арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, баргузории семинару машваратҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён намуда, ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва мутақобилан судманди ду вилоят таъкид карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




