Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо Мамирҷон Раҳимов

Бо мақсади иштирок дар Форуми дуюми сулҳи Фарғона намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов ва ҳайати ҳамроҳонаш ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимовро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқот нахуст ба таври хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфта, масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ гардиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ба шарофати сиёсати созанда, дӯстона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои неку ҳасанаи Тоҷикистону Қирғизистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар заминаи таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни минтақаҳои ҳаммарзи ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, болоравии ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот ба назар мерасад. Ин раванд аз ҷумла натиҷаи татбиқи ҳадафҳои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Мамирҷон Раҳимов барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Қирғизистонро барои тақвияти ҳамкориҳо ва ба марҳилаи нави рушд баровардани муносибатҳои байни вилояти Ботканд ва вилояти Суғд баён дошт.
Таъкид гардид, ки байни ду вилоят харитаи роҳ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории чорабиниҳои гуногун ба имзо расида, барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати дӯстона ва ҳамсоядории неки Тоҷикистону Қирғизистон ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол то имрӯз ба беш аз 50 миллион доллари ИМА расидааст. Ҷонибҳо зарурати идомаи талошҳо ҷиҳати афзоиши ин нишондиҳанда ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон баргузории чунин ҳамоишҳоро омили муҳими таҳкими эътимод, густариши робитаҳои байни минтақаҳои ҳаммарз ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд