Форуми минтақавӣ таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор мегардад

Бахшида ба солгарди имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Гулистон Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор мегардад.

Дар кори Форум, ки рӯзҳои 28-30 сентябр доир хоҳад шуд, намояндагони вилоятҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими таҳкими сулҳу субот, рушди устувор, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи минтақаи водии Фарғонаро баррасӣ менамоянд.
Дар доираи Форум баргузории як қатор сессияҳо дар мавзуи «Стратегияи рушди устувор ва устуворӣ дар водии Фарғона», «Назари стратегӣ ба рушди иқтисодӣ ва саноатии водии Фарғона», «Стратегияи ҳифзи муҳити зист дар водии Фарғона», «Дурнамои эътимоди минтақавӣ ва ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар водии Фарғона», «Ташаббусҳои ҷавонон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии водии Фарғона», «Ташаббусҳои занон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии водии Фарғона» ва ғайраҳо баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз санадҳои муҳими таърихӣ ва дастоварди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ Эъломияи Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки дар он асосҳои эътимод, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳои марзӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузошта шуданд.
Ин санад на танҳо рамзи иродаи сиёсӣ барои рафъи ихтилофот буд, балки заминаи ташаккули низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам овард, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои умумӣ бунёд ёфтааст.
Марҳилаи нави муносибатҳои байни давлатҳои минтақа бо имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид.
Ин санади таърихӣ 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Дар эъломия таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъкид шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд