Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок намуда, аз дастоварду пешрафтҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.
Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд, полковник Парвиз Асадуллозода кормандонро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зикр гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд.
Истиқлоли давлатӣ дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди мамлакат, ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод гузошт. Имрӯз пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа натиҷаи сиёсати созанда, иқдомҳои бунёдкорона ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид шуд, ки кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботу амният, иҷрои қонунгузорӣ ва тарбияи шахсони маҳкумшуда дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони пешқадам барои фаъолияти самаранок, хизмати софдилона ва саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони соҳа минбаъд низ барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими суботи ҷомеа ва татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




