5 сентябр бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кулли сокинони сарбаланди вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ин санаи муқаддас барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.
Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 35 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи мардум дар вилоят ҳазорҳо иншоот бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд, ки сохтмони баъзеи онҳо дар даврони гузашта ғайриимкон буд. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2025 дар қаламрави вилоят 1279 корхонаи хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият намуданд. Шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991-ум (115 адад) дар ҷамъбасти соли 2025-ум 1164 адад зиёд шудааст. Имрӯзҳо дар соҳаи саноати вилоят зиёда аз 300 корхона ба истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, аз ҷумла хишту семент, мех, профилҳо, рангҳои гуногун, дару тиреза, мизу курсӣ ва ғайраҳо машғул мебошанд. Бунёди фабрикаи маъдантозакунӣ бо иқтидори 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ва заводи металлургии истеҳсоли мис дар КМ «Зарафшон», фабрикаи маъдантозакунии “Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой” бо иқтидори 11 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз дар шаҳри Гулистон ва заводи металлургии он дар шаҳри Истиқлол, сохтмони дигар корхонаҳои азими соҳа, аз ҷумла «Талко голд», «ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ», «Ширкати металлургии Анзоб» ва ғайра боис гардиданд, ки имрӯзҳо соҳаи истихроҷи маъдан ба соҳаи пешбари иқтисодиёти вилоят табдил ёбад.
Ҳамчунин, дар ин давра хатти интиқоли барқи 220 кВ “Суғд-500-Нерӯгоҳи Қайроққум”, “Нерӯгоҳи Қайроққум- Ашт”, “Айгулташ – Конибодом”, “Суғд-Искодар”, “Искодар –Рӯдакӣ”, хатҳои бапландшиддати 110 кВ “Устувор - Зафаробод”, “Бӯстон – Янтоқ”, “Конибодом – Исфара-1”, зеристгоҳҳои барқии “Ваҳдат”, “Темурмалик”, “Урметан”, “Рӯмон”, “Исфара-2” ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтанд.
Дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” аввалин нерӯгоҳи барқи аловӣ бо иқтидори 25 МВТ ба истифода дода шуд. Дар ин давра Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум” мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт-и лоиҳавӣ то 174 МВт баланд бардошта шуд. Бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт санги асоси бунёди аввалин нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт гузошта шуд ва корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ин дастовардҳои бузурги соҳаи энергетикӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ, ки бевосита бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон ва бо истифода аз иқтидорҳои миллӣ ҷараён гирифт, яке аз муҳимтарин рукнҳои барҷастаи истиқлоли миллӣ ба ҳисоб рафта, қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши аввалиндараҷа мебозад. Амалигардонии фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷудо намудани замин барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дигаргуншавии сохтори соҳавӣ заминаи мустаҳкам гузошта, суръати миёнаи афзоиши истеҳсоли маҷмӯи умумии маҳсулоти соҳа солҳои охир 6,0-10,0 фоиз таъмин шуда истодааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои заруриву саривақтӣ тайи соли 1991-2026 аксарияти номгӯйи асосии зироатҳои кишоварзӣ бамаротиб зиёд карда шуд, ки ин омил барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои олии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим мегузорад. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят дар соли 2025-ум ба 25 миллиарду 928,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати нишондоди соли 1991 22,1 маротиба ё ин, ки 24 миллиарду 757,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми солҳои истиқлол дар соҳаи сохтмони вилоят дигаргуниҳои қуллӣ ба миён омаданд. Сохтмончиёни вилоят аз рӯзҳои аввали истиқлолият барои ободу зебо гардонидани диёрамон камари ҳиммат баста, дар ин муддат ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногунро сохта ба истифода супориданд, ки дар маҷмӯъ симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дигаргун шуда, тарҳи замонавӣ гирифтанд. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии сокинони вилоят дар соли таърихии таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12000 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, нақшаи мазкур дар соли 2025 пурра иҷро гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 3000 иншооти иловагиро ба нақша гирифтанд ва дар натиҷа, то 1-уми сентябри соли 2026 дар вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 15 ҳазору 225 иншооти таъиноти гуногун ба иҷро расонда шуда, имрӯзҳо низ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Ин ҳама натиҷаи заҳмати шабонарӯзии сокинони ватандӯсту заҳматқарини вилоят дар соли таърихии таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз дар заминаи раҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид ва заминаи устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардумро таъмин намуд.
-Мо аз он ифтихор мекунем, ки бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036” қабул гардид, ки аз бузургӣ, фарҳанги воло, сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад. Ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем. Мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пурифтихори миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем, - илова намуд роҳбари вилоят.
Сипас, беш аз 35 ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти суд, прокуратура, адлия, аҳли зиё ва рӯзноманигорон, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, занон, донишкадаву донишгоҳҳо, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ, ҳунармандон бо намоиши дастовардҳои соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




