Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» хатти нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз менамояд.
Айни замон дар корхона корҳои омодагӣ ва сохтмонии марбут ба таъсиси хатти нави истеҳсолӣ идома дошта, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо рафти корҳо шинос шуда, барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ масъулонро вазифадор намуд.
ҶСП «Оби зулол» яке аз корхонаҳои маъруфи саноатии кишвар ба ҳисоб рафта, ба истеҳсоли обҳои нӯшокӣ, афшура ва ғизои кӯдакон машғул мебошад. Маҳсулоти истеҳсолии корхона на танҳо дар бозори дохилӣ, балки берун аз кишвар низ харидорони зиёд дошта, 30 фоизи маҳсулоти он ба кишварҳои гуногун содирот мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки рушди иқтидорҳои истеҳсолии ҶСП «Оби зулол» ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус саноатикунонии босуръат, мусоидат намуда, барои таҳкими мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




