Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли Оқил Оқилов хабар гирифт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов хабар гирифт.

Зимни суҳбат Раҷаб Аҳмадзода Оқил Оқиловро ба муносибати фарорасии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри дароз ва рӯзгори осуда орзу намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ буда, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам шуд.
Раҷаб Аҳмадзода саҳми ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла Оқил Оқиловро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас арзёбӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд