Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз як қатор қисмҳои ҳарбӣ боздид намуда, бо шароити хизмату фаъолияти ҳайати шахсӣ шинос шуд.

Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияту субот ва иҷрои рисолати пурмасъулияти ҳарбӣ саломатӣ, сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзу намуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бузург ва дастоварди воқеан таърихию сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари мо роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо кардааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, дар ин самт саҳми хизматчиёни ҳарбӣ басо муҳим мебошад. Афсарону сарбозон бо садоқат ба савганди ҳарбӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи Ватан ва оромии ҷомеа хизмат менамоянд.
Бо таъкид бар нақши муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол гуфта шуд, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди Артиши миллӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир карда мешавад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қисмҳои ҳарбӣ иншооти муосири хизматӣ ва маишӣ, хобгоҳу ошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, заминаи моддию техникии онҳо мунтазам таҳким меёбад. Ҳамзамон, барои истироҳат, омодагии ҷисмонӣ ва касбии ҳайати шахсӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Раҷаб Аҳмадзода ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ва саҳми арзандаашон дар таъмини амнияту суботи кишвар изҳори сипос намуд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд