Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қисмҳои ҳарбӣ боздид намуда, бо шароити хизмату фаъолияти ҳайати шахсӣ шинос шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту суботи кишвар ва иҷрои содиқонаи қарзи фарзандӣ саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳо орзу намуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад.
Маҳз бо баракати Истиқлоли давлатӣ кишвари тозаистиқлоли мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуд ва узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.
Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Афсарону сарбозон бо садоқат ба савганди ҳарбӣ ва Ватани маҳбуб дар таъмини амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ биноҳои маъмурию хизматӣ, хобгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, иншооти варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд ва таҷдид гардида, сатҳи таъминоти моддию техникӣ пайваста беҳтар карда мешавад.
Ҳамзамон, барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити муносиб барои истироҳат, машқу омодагии ҷисмонӣ ва касбӣ фароҳам оварда шуда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Раҷаб Аҳмадзода бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо барои хизмати содиқонаашон дар роҳи ҳифзи Ватан изҳори сипос намуд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд