2 сентябр дар маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон-2026 ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқа варзишгарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, дар намудҳои гуногуни бадминтон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат карданд.
Чемпионати минтақавӣ аз 27 август оғоз гардида, дар рӯзҳои баргузорӣ варзишгарони кишварҳои иштирокчӣ маҳорати касбӣ ва омодагии баланди варзишии худро нишон доданд.
Дар маросими ҷамъбасти чемпионат Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ғолибону ҷоизадоронро табрик кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои варзишӣ миёни кишварҳои минтақа ва ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сипас, ба ғолибон ва ҷоизадорони чемпионат медал, ҷом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти соҳаи варзиш, масъулини Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва мухлисони зиёд ҳузур доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




