Дар ноҳияи Деваштич ба наврасон либосҳои мактабӣ супуруда шуд

Таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина тадбирҳои пайваста роҳандозӣ мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фарзандони оилаҳои камбизоат ва кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, суҳбат намуда, онҳоро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили фарзандони оилаҳои ниёзманд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин рӯз ба кӯдакон аз номи Сарвари давлат либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Ҳамчунин, барои кӯдакон дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, одоби ҳамида, эҳтироми калонсолон ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят намуд.
Бояд таъкид кард, ки чунин иқдомҳо, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ мегарданд, барои рӯҳбаландии кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбияи онҳо аҳамияти муҳим доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд