Дар Хуҷанд бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Ба муносибати Рӯзи дониш ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бинои иловагии Муассисаи таълимии ғайридавлатии мактаби ба номи П. Пулотов мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои фаннӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад. Дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ба истифода додани бинои нав имконият фароҳам меорад, ки шумораи бештари кӯдакону наврасон ба таҳсил дар муассиса фаро гирифта шуда, раванди таълиму тарбия дар шароити муосир ба роҳ монда шавад.
Айни ҳол дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии ба номи П. Пулотов 1025 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни суханронӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода устодону омӯзгорон ва хонандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат барору муваффақият орзу кард.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки маориф асоси рушди устувор ва пешрафти ҳар як давлату миллат мебошад.
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар вилояти Суғд даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд. Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки роҳбарият ва омӯзгорони Муассисаи таълимии ғайридавлатии ба номи П. Пулотов минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида дар таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи дониш ва рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд