Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти ҶДММ «Сахо ва Ко» шинос шуда, бо раванди истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ва коркарди қоғаз шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли зарфҳои шишагӣ барои нигоҳдории консерва, афшура, шарбат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори солонаи он ба 6 миллион дона зарф мерасад. Дар корхона 190 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят аз коргоҳи коркарди қоғаз дидан намуда, иттилоъ гирифт, ки иқтидори истеҳсолии он то 1 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ дар як солро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот буда, барои таъмини корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва эҳтиёҷоти бозори дохилӣ истифода мешавад.
Зимни боздид Раҷаб Аҳмадзода ба истифодаи самараноки заминҳои ҳудуди корхона низ баҳои баланд дод. Дар 5 гектар замини корхона се навъи ангур — "Шоҳона" , "Ҳусайнӣ" ва "Аватар" парвариш шуда, ҳосили он ба бозорҳои вилоят пешниҳод мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини корхона барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




