Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» шинос гардид.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ ва бо истифода аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона фаъолияти худро тақвият бахшида, бо насби хатҳои нави муосири истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсол, сифати маҳсулот ва навъҳои қолинҳои истеҳсолшавандаро зиёд намудааст. Айни замон то 40 фоизи маҳсулоти истеҳсолии корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи қолинбофӣ барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содирот, иваз намудани воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода фаъолияти корхонаро натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат арзёбӣ намуда, ба масъулин барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва таҳкими мавқеи он дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ тавсияҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд