Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Дар маросими гузоштани санги асоси иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Бинои нави шуъба бо назардошти талаботи муосир сохта шуда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дастгириву ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат ва фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ бо садоқат ба халқу Ватан хизмати софдилона анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд биноҳои нави мақомоти корҳои дохилӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти хизматӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ мусоидат намуда истодааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




