Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар қабули шаҳрвандон 40 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо масъалаҳои гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат карданд.
Раиси вилоят муроҷиати ҳар як шаҳрвандро мавриди баррасии қарор дода, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор барои ҳалли саривақтии масъалаҳои пешниҳодшуда супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки қабули мунтазами шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд