Дар ноҳияи Спитамен дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо суръат идома дорад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои шаҳраки Навкат иштирок намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, баъди мумфарш гардидани он вазъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон беҳтар хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Спитамен низ дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ марҳила ба марҳила иҷро шуда, бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинон вазъи роҳҳо мунтазам беҳтар мегардад. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат мекунанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




