Дар Спитамен бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома дошта, бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинон даҳҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд ва мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд.

Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ дар як қатор деҳоту ҷамоатҳоро мавриди назар қарор дод.
Дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол роҳбари вилоят бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва сехи дӯзандагӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ таъсис ёфта, ба истеҳсоли пойафзол ва либоси мактабӣ машғул мебошад. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон Раиси вилоят аз рафти сохтмони маҷмааи нави иҷтимоӣ, ки аз кӯдакистон ва муассисаи таълимии хусусӣ иборат аст, боздид намуд. Иншоот бо ибтикори соҳибкор Акмал Юлдошев бунёд гардида, аз чор ошёна иборат мебошад. Дар ду ошёнаи поёнӣ кӯдакистон бо ғунҷоиши 120 нафар дар шаш гурӯҳ ҷойгир шуда, ду ошёнаи болоӣ барои муассисаи таълимии хусусӣ бо имкони фарогирии 320 хонанда пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол беш аз 20 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дошта, айни ҳол се муассисаи таҳсилоти миёна ва ду муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони нав талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ ба таври назаррас қонеъ хоҳад шуд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо сокинон саҳми соҳибкорону аҳолиро дар ободонии маҳалҳо намунаи татбиқи амалии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, барои вусъати корҳои бунёдкорӣ изҳори сипос кард.
Дар деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш роҳбари вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 боздид намуд. Зикр гардид, ки иншоот бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон сохта шуда, барои 740 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Бинои дуошёна дорои 8 синфхона ва утоқҳои корӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷамоат сохтмони Муассисаи таҳсилоти томактабии №6 идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз фаъолияти муассисаи тиббии ҷамоат низ боздид намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани шароити фаъолият ва тавсеаи хизматрасониҳои тиббӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Спитамен ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо суръати баланд идома дошта, бунёди иншооти нави иҷтимоӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд