Дар ҶДММ КФ «Фортуна ва компания» сехи нав ба фаъолият оғоз кард

Бо татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ дар вилояти Суғд бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ идома дошта, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи фаръии «Фортуна ва компания» ва сехи нави истеҳсолии он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сехи нав бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, аз минтақаҳои суфтакунӣ, рангуборкунӣ, анбори маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат мебошад. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб гардида, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 70 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар сехи нав беш аз 250 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мешавад. Дар баробари дарҳои байниҳуҷравӣ, инчунин мебелҳои замонавӣ барои муассисаҳои иҷтимоӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои муосир омода мегарданд.
Дар доираи лоиҳа нақлиёти хизматӣ ва техникаҳои зарурӣ низ харидорӣ шуда, барои кормандон шароити муносиби меҳнат ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ташаббуси роҳбарияти ҷамъиятро ҷиҳати таъсиси сехи нави истеҳсолӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва васеъ намудани ҳаҷми маҳсулот тавсияҳои зарурӣ доданд.
Қайд гардид, ки ҶДММ КФ «Фортуна ва компания» аз ҷумлаи корхонаҳои пешқадами истеҳсолии вилоят буда, бо истифода аз дастгириҳои давлату Ҳукумат дар рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои нави ҷамъият истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ба роҳ монда шуда, панелҳои офтобӣ насб гардидаанд. Илова бар ин, барои интиқоли ашёи хом ва маҳсулот нақлиёти барқӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин иқдом ба татбиқи технологияҳои «сабз», истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини рушди устувори истеҳсолот мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд