Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли 2026

Санаи 10 июл дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ, обрасонӣ, кор бо занон ва оила, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, омор, замин, роҳ, комиссарони ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳои азими саноатӣ, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки дар вилоят ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва расидан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда шуда, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун идома дорад.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нархҳо 111,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 266 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди онҳо ивазкунандаи воридот буда, барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот равона гардидаанд.
Қайд гардид, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзоиш медиҳад. Ҳадафи асосӣ таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
То 1 июли соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз таъмин шудааст.
Тибқи сохтори кишти тасдиқшуда соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар масоҳати 235 ҳазор гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463,1 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 439,4 гектар боғ ва 23,6 гектар токзор бунёд гардидааст. Ҳамзамон, дар масоҳати 826,1 гектар барқарорсозии боғу токзор, аз ҷумла 779,4 гектар боғ ва 46,7 гектар токзори кӯҳна анҷом дода шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, коҳиш додани талафоти оби полезӣ, харидории дастгоҳҳои муосири обкашӣ, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва омода намудани инфрасохтори соҳа ба фаъолияти мунтазам дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети вилоят 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1083,4 километр роҳ таъмир гардидааст, ки аз он 189,2 километр таъмири асосӣ, 538,4 километр таъмири ҷорӣ ва 355,8 километр шағалпӯш мебошад. Барои ин мақсад аз ҳисоби буҷети вилоят 18,7 миллион сомонӣ ҷудо шуда, 11,5 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар шаш моҳи соли 2026 ба 12 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,9 фоизро ташкил додааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба андозаи 105,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3,7 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 197,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, захираи стратегии рушди зеҳнӣ ва омили муҳими таҳкими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар соли таҳсили 2025–2026 дар вилояти Суғд 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, 54 ҳазор кӯдакро ба тарбия фаро гирифтааст.
Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2025–2026 дар вилоят 966 муассисаи таҳсилотӣ фаъолият дошта, 593 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар вилоят 946 муассисаи давлатии тандурустӣ, аз ҷумла 136 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 810 муассисаи сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, 295 муассисаи тиббии хусусӣ ба фаъолияти тиббӣ машғул мебошанд.
Ба аҳолии вилоят 5 ҳазору 499 табиб ва 19 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.
Дар идомаи ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки имконияту иқтидорҳои вилоят хеле зиёд буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ боз ҳам бештар талош намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди устувор, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда равона карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа Раиси вилоят фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳо дар маҳалҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, масъулин вазифадоранд барои татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд. Дар ин замина ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони шуъбаву бахшҳои саноат, андоз, кишоварзӣ, обрасонӣ, маориф ва тандурустӣ супориш дода шуд, ки фаъолияти босамар ва мунтазамро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва кишти такрорӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи андоз, дастрасии деҳқонон ба оби полезӣ, тозагиву сабзкорӣ, аз партов тоза намудани муҳити атроф, таъмин намудани муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо мутахассисон, расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ, бунёди иншооти варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон дар шаҳраку маҳаллаҳо ва деҳот супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз роҳбарони корхонаҳои азими саноатии вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки бо ифтихори баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ барои пешрафти давлату миллат содиқона меҳнат намоянд. Дар ин замина пешниҳоди маълумоти дақиқи оморӣ, пардохти ҳатмӣ ва саривақтии андозҳо, инчунин истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғдро дар шаш моҳи соли равон назаррас арзёбӣ намуда, саҳми сокинони вилоятро дар рушду пешрафти мамлакат ва таъмини нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки мардуми меҳнатқарини вилояти Суғд бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи ҳадафҳои давлат саҳми арзанда гузошта, дар корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Зикр шуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 12 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. То санаи 1 апрели соли ҷорӣ 14 ҳазору 355 иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бори дигар масъулинро барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифадор намуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, маориф ва тандурустӣ равона гардида, барои иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷаласа бо вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд