Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои кишоварзӣ, ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ дар Ҷамоати деҳоти Далёни Боло шинос гардид.
Аснои боздид аз кооперативии тиҷоратии «Далёни Боло» иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии заминҳои корами кооператив 1247 гектарро ташкил медиҳад, ки то имрӯз дар 300 гектари он кишти картошка гузаронида шудааст.
Бо истифода аз имконоти мусоиди иқлим, заминҳои ҳосилхез ва таҷрибаи ғании кишоварзон истеҳсоли картошка сол то сол афзоиш меёбад.
Ба иттилои масъулин, соли гузашта дар ноҳияи Деваштич беш аз 280 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардида, имсол ҳосили интизорӣ зиёда аз 310 ҳазор тонна аст. Дар баробари ин, бо ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида майдони кишти ин зироат васеъ мегардад.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз масофаи 12 километр тавассути қубурҳои қутрашон 400 миллиметрӣ оби худҷорӣ аз кӯҳсор оварда шудааст, ки барои беҳтар гардидани таъминоти обёрӣ ва афзоиши ҳосилнокӣ замина фароҳам меорад.
Раиси вилоят ҳамчунин бо раванди корҳои ободонӣ дар деҳаи Далёни Боло шинос гардида, ҷараёни бунёди муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 кӯдакро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншоот аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 60 нафар бинокорон фаъолият доранд.
Сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ низ бо иштироки сокинон ва соҳибкорон идома дошта, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтан 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони беморхонаи замонавӣ идома дорад, ки ифтитоҳи он ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати вусъати корҳои кишоварзӣ, сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншооти иҷтимоӣ, инчунин таъмиру мумфаршкунии роҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




