Дар Хуҷанд корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз оғоз гардид

Бо дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд.

Дар доираи корҳои ободонӣ бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандӯст як қатор кӯчаҳо ва маҳаллаҳои Хуҷанд марҳила ба марҳила мумфарш карда мешаванд.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз дар маҳаллаҳои 14–15-уми шаҳр ҳусни оғоз бахшида шуд.
Тибқи иттилои масъулин роҳ бо дарозии тақрибан 4 километр пурра мумфарш гардида, ҳамзамон ҷӯйборҳо ва пайроҳаҳои канори роҳ бунёд мешаванд.
Зимни оғози корҳо таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори шаҳр, осон гардидани ҳаракати нақлиёт ва беҳбуди шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳои навбунёд мусоидат мекунад.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳо дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд