Оғози мавсими оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ оғоз шуда, шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир пурра омода карда шуд.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи шиногоҳ таъкид шуд, ки бо фаро расидани мавсими тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон бештар аз мавзеъҳои истироҳатӣ ва шиногоҳҳо истифода менамоянд. Дар ин замина, барои таъмини истироҳати шоистаи шаҳрвандон дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, масъалаи амнияти шаҳрвандон дар мавсими оббозӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Раиси вилоят нахуст аз бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ҷиҳати таъмини кӯмаки саривақтӣ ба шаҳрвандон, махсусан ба шахсони камтаҷриба дар оббозӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бахши мазкур бо техника ва таҷҳизоти муосири наҷотдиҳӣ, аз ҷумла заврақҳои моторӣ ва резинӣ, гидросикл, киштиҳои патрулӣ, автомашинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамарӯза 10 нафар наҷотдиҳандагони ботаҷриба тибқи ҷадвал дар ҳолати навбатдорӣ қарор доранд.
Таъкид гардид, ки шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои муосир ташкил гардида, барои фароғати сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар он шароити мусоид, аз ҷумла ҳавзҳои сунъӣ барои кӯдакон, майдонҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва тенниси рӯи миз, инчунин гӯшаҳои фароғатӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди шиногоҳ соябонҳо, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати шаҳрвандон омода карда шудааст.
Раиси вилоят наврасонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд