Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ шинос шуд.

Аз ҷумла, роҳбари вилоят аз рафти бунёди маркази ташхисиву табобатӣ дидан намуда, бо лоиҳаи иншоот ва имкониятҳои ояндаи он ошно гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бинои 10-ошёнаи истиқоматӣ бунёд шуда истодааст, ки дар ду қабати аввали он маркази муосири тиббӣ ҷойгир хоҳад шуд. Иншоот дорои 60 ҳуҷраи истиқоматӣ буда, муассисаи тиббӣ барои 80 кати бистарӣ пешбинӣ гардидааст.
Марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла рентгени рақамӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ангиограф ва дигар дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ таъмин шуда, имкони пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасониҳои тиббиро фароҳам меорад. Ба истифода дода шудани марказ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба ташхису муолиҷаи замонавӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби ҶДММ «Мабдаи нур» бунёд мегардад, шинос шуд. Тибқи иттилои масъулон, маҷмаа аз 18 ошёна иборат буда, бо истифода аз меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои меъмории миллӣ сохта мешавад.
Дар ду қабати таҳхона таваққуфгоҳ барои 100 воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум гипермаркет, дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хизматрасонӣ бо нуқтаҳои фурӯш ва қаҳвахона фаъолият хоҳад кард. Ошёнаи сеюм барои маркази варзишию солимгардонӣ ҷудо гардида, дар он толорҳои машқу тамрин, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммомҳои гуногун ва ҷойҳои фароғатӣ ташкил мешаванд.
Дар ошёнаи 17-уми маҷмаа меҳмонхонаи муосири чорситорадор бо 52 ҳуҷра ва се апартаменти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷойгир хоҳад шуд. Дар ошёнаи болоӣ тарабхона барои 104 ҷойи нишаст сохта шуда, аз ошёнаҳои 5 то 16-ум 116 хонаи истиқоматӣ бунёд мегардад.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа то 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони бинои нави мактаб дар Ҷамоати деҳоти Сабристон ва бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ роҳбари вилоят ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва истифодаи унсурҳои миллӣ дар намои биноҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан беш аз 1000 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуда, корҳои созандагӣ дар ҳамаи шаҳраку деҳоти шаҳр идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд