Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба сохтмони Маҷмааи биноҳои бисёрфунксионалии хизматрасонӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Усто Солеҳ Азизов бунёд мегардад. Тибқи нақша, дар ин мавзеъ меҳмонхона бо фарогирии 46 ҳуҷра, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи кандакорӣ сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур саҳми арзандаи соҳибкорони ватанӣ дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва омезиши нақшу нигори миллӣ дар ороиши дохилу беруни бино ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Зикр шуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ мебошад.
Масъулин изҳор доштанд, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён гирифта, иншооти мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




