Баргузории Фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Субҳи рӯзи 25 май дар Маҷмааи варзишии "Суғд Арена" бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки варзиш, бахусус футбол, омили муҳими таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд ёфта, барои оммавигардонии футбол дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ин ташаббус мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.
Таъкид карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии садҳо иншооти варзишӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби ҷавонон ба варзиш тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Раиси вилоят футболбозон, мураббиён, доварон ва дӯстдорони футболро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик карда, ба ғолибони мусобиқаҳо оид ба футбол тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд