Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ба имзо расид.
Ҳамакнун, бо амалишавии ин иқдом марҳилаи нави муаррифии мактаби тибби тоҷик ва саҳми тамаддуни миллати тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз хоҳад шуд. Ин иқдоми таърихӣ на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои нобиғаи илму тиб Абӯалӣ ибни Сино мебошад, балки ҳамчун механизми муҳими ҳавасмандсозии ҷомеаи илмии ҷаҳон дар самти рушди тиб, таҳкими тандурустии байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мебошад.
Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нави эпидемиологӣ, афзоиши бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои вобаста ба амнияти санитариву эпидемиологӣ рӯ ба рӯ мебошад, таъсиси чунин ҷоиза аҳаммияти хосса касб мекунад. Соҳаи тандурустӣ имрӯз яке аз самтҳои стратегии рушди давлатҳо ба ҳисоб рафта, сиёсати иҷтимоии ҳар як кишвар пеш аз ҳама ба таъмини солимии аҳолӣ нигаронида шудааст. Аз ин ҷост, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун тадбири дурандешона ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки мактаби тиббии ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино яке аз пояҳои асосии рушди илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Асари безаволи ӯ — “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар тӯли чандин аср ҳамчун дастури асосии таълими тиб дар Шарқу Ғарб истифода мешуд. Дар осори илмии ин мутафаккири бузурги сатҳи ҷаҳонӣ масъалаҳои физиология, патогенез, ташхис, пешгирӣ, дорушиносӣ, гигиена, эпидемиология ва реабилитатсияи беморон бо услуби илмӣ таҳлил гардидаанд. Назарияҳои ӯ оид ба пешгирии бемориҳо, риояи беҳдошт, ғизои солим ва муътадилии тарзи ҳаёт имрӯз низ аҳаммияти амалӣ доранд.
Маҳз ҳамин арзишҳои илмӣ ва инсонгароёна боис гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун вориси воқеии ин тамаддуни бузург ташаббуси таъсиси ҷоизаи байналмилалиро роҳандозӣ намояд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки давлати тоҷикон ба рушди илм, бахусус соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтмону таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, ворид намудани технологияҳои муосири ташхисиву табобатӣ, рақамикунонии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, омода намудани мутахассисони баландпоя ва татбиқи барномаҳои миллии ҳифзи саломатӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ замина фароҳам оварданд.
Имрӯз дар кишвар марказҳои муосири ташхисиву табобатӣ, шуъбаҳои бемориҳои дил, ҷарроҳии асаб, трансплантология, саратон, перинатология ва эҳёгарӣ фаъолият доранд. Ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, паст намудани фавти модарону кӯдакон, рушди иммунизатсия, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҳамаи ин аз сиёсати башардӯстонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми тандурустӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арзёбӣ мегардад. Зеро ҷоиза метавонад ба майдони муҳими байналмилалӣ барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти фундаменталӣ ва клиникӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ табдил ёбад.
Аҳаммияти дигари ин ташаббус дар он зоҳир мешавад, ки он барои баланд гардидани мақому манзалати олимон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба мутахассисоне эҳтиёҷ дорад, ки дар самти таҳияи технологияҳои нави ташхис, истеҳсоли доруворӣ, мубориза бо пандемияҳо, рушди биотехнология, генетикаи тиббӣ ва тибби рақамӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад маҳз чунин олимону табибонро муттаҳид намуда, барои пешрафти илми тиб такони ҷиддӣ бахшад.
Ҳамчунин, ин иқдом ба рушди нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима мусоидат менамояд. Муаррифии дубораи номи Абӯалӣ ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо муаррифии як шахсияти таърихӣ, балки муаррифии фарҳанг, илм ва маърифати миллати тоҷик мебошад. Ин омил метавонад барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва густариши робитаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Қобили таъкид аст, ки таъсиси ҷоиза дар шароите амалӣ гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ниёз дорад. Таҷрибаи пандемияи COVID-19 нишон дод, ки саломатии аҳолӣ танҳо масъалаи як давлат набуда, балки масъалаи глобалӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар иқдоме, ки ба рушди илм, пешгирии бемориҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд, аҳаммияти бузург дорад.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на танҳо иштирокчии чорабиниҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати созанда ва инсонмеҳваронаи Роҳбари давлат буда, аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди тандурустӣ, илм ва ҳифзи саломатии инсон шаҳодат медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муассисаҳои муосири тандурустӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуда истодааст. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бошад мунтазам таҷҳизоти наву замонавии тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас мегардад. Фароҳам гардидани чунин шароити арзанда боиси хушҳоливу руҳбаландии кормандони соҳа, бахусус табибони ҷавон гардида, онҳо имрӯз фаъолияти худро дар муҳити ҷавобгӯ ба талаботи замон ба роҳ мондаанд.
Кормандони соҳаи тандурустии вилояти Суғд бо изҳори миннатдорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста таъкид менамоянд, ки ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшидааст. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои олимон ва кормандони соҳаи тиб ғамхории навбатӣ буда, ба рушди илми тиб, муаррифии нобиғаи дунё Абӯалӣ ибни Сино ва ҳам ҳавасмандии мутахассисон мусоидати бештар хоҳад кард.
Фирӯз Комилов,
сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд




