Шоми 22 май дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ҷавонони вилоятро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфт.
Раиси вилоят зимни суханронии худ таъкид намуд, ки имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муҳим доранд.
Қайд гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таҳсил, рушди зеҳниву ҷисмонӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Зикр шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди иқтидори зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд. Аз ҷумла, баргузории моҳвораи ҷавонон ва чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ба дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, худшиносу ватандӯст мусоидат мекунад.
Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонони вилояти Суғд ҳамчун ворисони арзандаи гузаштаи худ бо дониш, ташаббус ва дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва варзишӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандон ва аҳли санъат пешниҳоди иштирокчиён гардида, чорабинӣ бо мушакпаронии идона анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




