Аёдати ҷавонони бемор дар ноҳияи Мастчоҳ

22 май Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ омада, аз ҳоли ҷавонони бемор хабар гирифт.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни дидор бо Ҳиҷрона Халифазода ва Зайнаб Қаҳҳорова, ки ҳарду бо амри тақдир беморанд, фарорасии Рӯзи ҷавононро табрик гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгорро таманно кард.
Таъкид карда шуд, ки ҷавонони маъюб ва бемор ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумат қарор дошта, барои дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Ба аёдатшудагон аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд