Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт аз ҳоли собиқадори меҳнат Бароат Зокирова хабар гирифт.
Номбурда солҳои зиёд дар соҳаи тандурустӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи саломатии ҷомеа ва тарбияи мутахассисони соҳа саҳми арзанда гузоштааст. Бо қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи чунин шахсони фидокор ба Бароат Зокирова саломатии бардавом ва рӯзгори пурсаодат таманно карда шуд.
Ҳамзамон, сокини деҳоти Меҳробод Абдумутал Узоқов низ мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо волидони ин ҷавони дорои имконоти маҳдуд таъкид намуд, ки шахсони ниёзманд, ятимон ва афроди дорои имконоти маҳдуд ҳамеша таҳти дастгирии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Роҳбари вилоят Абдумутал Узоқовро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, барояш тандурустӣ ва рӯзгори нек орзу намуд.
Ба номбаршудагон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




