Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқӣ шинос гардид.
Таъкид карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи босифат корҳои сохтмонии нерӯгоҳ мутобиқ ба нақша идома дорад. Амалисозии ин тадбири муҳим имкон фароҳам меорад, ки сокинони ноҳия, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бо барқи хушсифат таъмин гарданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, тадбирҳои амалӣ барои беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Зимни боздид аз раванди сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 750 гектар амалӣ гардида, барои таъмини зиёда аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо нерӯи барқ равона шудааст. Зикр гардид, ки бо афзоиши талабот ба нерӯи барқ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин лоиҳаҳои муҳими стратегӣ роҳандозӣ шуда, дар рушди низоми энергетикии мамлакат нақши муассир доранд. Айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва техникаҳои зарурӣ тибқи нақша идома доранд.
Дар шароити имрӯз, ки таъсири тағйирёбии иқлим бештар эҳсос мегардад, бунёди нерӯгоҳи офтобӣ нишонаи равшани таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба истифодаи энергияи сабз ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Роҳбари вилоят бо такя ба ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи офтобӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




