Кишти картошка дар ноҳияи Деваштич идома дорад

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич аз ҷараёни кишти картошка ва корҳои азхудкунии заминҳои нав боздид намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо аз масофаи 12 километр тавассути қубурҳои қутрашон 400 миллиметрӣ оби худҷорӣ аз кӯҳсор ба деҳа оварда шуда истодааст. Дар натиҷаи татбиқи ин иқдом беш аз 500 гектар замини ҷамоат бо об таъмин гардида, имкони истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида фароҳам меояд.
Айни замон корҳои қубурхобонӣ идома дошта, сокинон дар заминҳои азхудшаванда ба кишти картошка машғул мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дурнамои кишти картошка дар ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳияи Деваштич 7070 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1500 гектар ба Ҷамоати деҳоти Далёни боло рост меояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати сари вақт ба анҷом расондани корҳои обёрӣ, таъмини иҷрои нақшаи кишти картошка ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд