Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.

Бояд зикр намуд, ки шумораи аҳолии ҷамоат беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил дода, сокинон дар ҳафт деҳа зиндагӣ мекунанд. Мардуми меҳнатқарини ҷамоат тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву хизматрасониро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.
Дар деҳаи Далёни Болои ҷамоат бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва сокинон сохтмони муассисаи томактабии дуошёна оғоз гардидааст. Иншооти мазкур бо тарҳи муосир бунёд шуда, барои тарбия ва таълими зиёда аз 120 нафар кӯдак дар чор гурӯҳ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар кӯдакистони навбунёд 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар он ба тарбияи кӯдакон бо усулҳои муосири таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинону кормандони соҳаи маориф Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо афзоиши аҳолӣ талабот ба муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ низ меафзояд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ бояд бо беҳтарин шароити таълиму тарбия, мутахассисони соҳибтаҷриба ва имкониятҳои муосир таъмин бошанд.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷамоат бо саҳми сокинони маҳаллӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуда истодааст, ки ҳадафи асосии он таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони хонашин мебошад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ то 40 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар баробари ин, барои омода намудани шогирдон ва омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ низ шароити зарурӣ муҳайё мегардад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва рангуборкунии бинои беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло шинос гардид. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, пудратчии он ҶДММ «СМС» мебошад. То имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расонида шудаанд.
Беморхонаи наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 100 кат барои бистариву табобати беморон хоҳад буд. Дар таҳхона ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ, озмоишгоҳҳои биокимиёвиву клиникӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ ва дигар бахшҳои ёрирасон бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии наврасону ҷавонон корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Далёни Поёни ноҳияи Деваштич низ идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи сафари худ бо раванди корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ин деҳа шинос шуд. Бинои нави муассиса аз се ошёна иборат буда, корҳои асосии сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд ва айни ҳол корҳои пардоздиҳӣ ва насби таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ дар синфхонаҳо идома доранд.
Дар бинои пешинаи муассиса 780 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо ба истифода додани бинои нави муассиса, ки дорои 18 синфхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона, кабинетҳои фаннӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад, барои таҳсили то ҳазор нафар дар ду баст имконият фароҳам оварда хоҳад шуд.
Кормандони соҳаи маорифи ноҳия зимни суҳбат иброз доштанд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва марҳила ба марҳила зиёд намудани маоши кормандони соҳа онҳоро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд