Дар шаҳри Истиклол ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ бо маром идома дорад.
Аз ҷумла, бунёди марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» яке аз иқдомҳои муҳиму судманд дар самти саноатикунонии кишвар маҳсуб меёбад. Зимни боздид ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм анҷом ёфта, хатҳои технологӣ ва таҷҳизоти зарурӣ насб гардидаанд.
Тибқи нақша, дар ин корхона истеҳсоли сурби электролизӣ, нуқраи электролизӣ, штейни мис ва дар маҷмӯъ панҷ намуди маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Корхонаи металлургии шаҳри Истиклол аз ҷумлаи бузургтарин корхонаҳои саноати кӯҳӣ ба ҳисоб рафта, марҳилаи аввали он қаблан бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта буд.
Айни замон дар корхона истеҳсоли маҳсулот ҷараён дошта, бештар мутахассисони ватанӣ фаъолият мебаранд. Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсолот афзуда, шумораи ҷойҳои корӣ то 500 нафар расонида мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни баргузории ҷаласаи корӣ ба роҳбарияти корхона ва масъулон дастур дод, ки барои сари вақт омода намудани марҳилаи дуюм, истеҳсоли маҳсулоти босифат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




