Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки бо сиёсати роҳбарони ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев робитаҳо дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд ёфта истодаанд. Сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2025 ба густариши ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Таъкид шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, бо минтақаҳои гуногуни Озарбойҷон робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ мондааст. Ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот тамоюли афзоиш дошта, татбиқи лоиҳаҳои муштарак идома дорад.
Алимирзамин Аскаров сатҳи ҳамкориҳоро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби худро барои тақвияти равобит, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф таъкид кард.
Мулоқот бо изҳори омодагии ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




