Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Карсон Релитс Рокер ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ вуҷуд дошта, дар вилояти Суғд фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам аст.
Ба гуфтаи роҳбари вилоят, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сол ба сол беҳтар гардида, содироти маҳсулот мунтазам афзоиш меёбанд. Аз вилоят ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико, маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ содирот мегардад.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори обрасонӣ, рушди боғҳои интенсивӣ ва истифодаи неруи офтобиро баррасӣ карданд.
Карсон Релитс Рокер омодагии ҷониби Амрикоро барои тавсеаи ҳамкориҳо ва ҷалби сармоягузорон таъкид намуд.
Дар анҷом меҳмонон ба Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2026» даъват гардиданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




