Ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарвари вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, иқлими мусоид ва замини ҳосилхез имкон медиҳад, ки деҳқонон аз парвариши ин зироати муҳим ҳосили фаровон ба даст оранд.
1 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор дар ҳашари кишти картошка иштирок намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони ноҳия бо кофтани чоҳҳои амудӣ 201 гектар заминҳои лалмӣ ва бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо кишти картошкаро ба роҳ мондаанд.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳристон 300 гектар заминҳои лалмӣ, чарогоҳ ва бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст.
Деҳқонон иброз доштанд, ки бо зиёд намудани кишти картошка ният доранд ҳаҷми истеҳсолро афзоиш дода, дар ғановати дастурхони сокинон саҳми арзанда гузоранд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳия беш аз 72 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардида, имсол ҳадаф гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонида шавад.
Дар баробари рушди картошкапарварӣ, ба соҳаи чорводорӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ фермаи парвариши моли майда, чорвои калон, асп ва шутур таъсис дода шудааст. Ферма бо риояи талабот бунёд гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ идома дорад.
Барои нигоҳубини чорво сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо ба фаъолияти соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили чунин фермаҳоро барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат муҳим арзёбӣ намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




