Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.
Зимни боздид аз деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев роҳбари вилоят бо корҳои таъмиру навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки баъди анҷоми корҳои навсозӣ имконият фароҳам мешавад, то 1200 нафар хонанда дар 27 синфхона ва дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд. Дар муассиса 75 нафар омӯзгор фаъолият дошта, барои онҳо шароити мусоиди корӣ муҳайё мегардад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби "ПМК-378" иҷро шуда, маблағи лоиҳа беш аз 14,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар назди муассисаи мазкур синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида истодааст. Иншоот дар доираи лоиҳаи беҳтарсозии муҳити таълим бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Куруш низ корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ бо саҳми соҳибкорону сокинон идома дорад. Баъди ба истифода додани он 300 нафар кӯдак дар 10 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Илова бар ин, маркази рушди кӯдак барои 100 нафар фаъолият хоҳад кард.
Ба иттилои масъулон, дар ҷамоат ҳамчунин сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхона барои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонӣ идома дорад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон таъкид намуд, ки бунёду навсозии иншооти соҳаи маориф дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат сурат гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дар ноҳия бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм, инчунин мақомоти маҳаллӣ сохтмони бинои нави шуъбаи маориф идома дошта, корҳои асосии он анҷом ёфтааст. Қарор аст, иншооти соҳаи маориф дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли таҳсили 2026–2027 мавриди истифода қарор гиранд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки соҳаи маориф ҳамчун заминаи асосии рушди ҷомеа дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, кормандони соҳаро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд.
Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин собиқадори соҳаи маориф Абдуҷамил Олимов ва сокини деҳоти Истиқлол Дониёр Кенҷабоевро хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳои моддӣ тақдим кард.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




