Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд.

Зимни боздид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Мирзо Анвар» ва «Баландқӯрғон» таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии «Мирзо Анвар» дар майдони 4,68 гектар кишти зироатҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, картошка дар 2,78 га, гандум 1,2 га, инчунин помидор, қаламфур, сабзӣ ва беда дар қитъаҳои гуногун парвариш меёбад.
Ҳамзамон, дар хоҷагии деҳқонии «Баландқӯрғон» кишти зироатҳо дар майдони 45 гектар ба роҳ монда шуда, 35 гектари онро пахта ташкил медиҳад. Аъзои хоҷагӣ инчунин бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам дар масоҳати 7 гектар пахтаро бо усули зериплёнка кишт кардаанд. Илова бар ин, картошка, қаламфур, макка, гандум ва беда низ парвариш карда мешавад.
Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад.
Истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.
Ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд