Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар корхонаи ҶДММ “Ирода-инвест” шинос гардид.

Корхонаи коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат бунёд шуда истодааст. Тибқи иттилоъ, таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, айни ҳол беш аз 70 фоизи корҳои васлу насби он анҷом ёфтааст. Дар назар аст, ки корхона то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад.
Бо оғоз гардидани фаъолияти корхона зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Роҳбари вилоят ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро дастгирӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосир дастурҳои мушаххас дод.
Қайд гардид, ки бунёди чунин корхона дар самти коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон дар миқёси ҷумҳурӣ бори аввал амалӣ шуда, барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ ва коҳиши воридот заминаи мусоид фароҳам меорад. Тибқи маълумот, баъди ба фаъолият оғоз намудани корхона дар як шабонарӯз то 200 тонна ва дар як сол беш аз 70 ҳазор тонна гандум коркард хоҳад шуд.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ “Фатир Агро” шинос гардид. Иншооти мазкур аз ҷумлаи корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд мегардад.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона имконият фароҳам меояд, ки дар як шабонарӯз то 1000 тонна гандум коркард карда шавад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани он дар се баст то 500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70 фоиз иҷро гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки он низ то ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои нав ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои нав рушди устувори соҳа таъмин карда шавад.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд