Шиносоӣ бо сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд. Дар ин замина, бунёди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар он тибқи нақша ҷараён доранд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди боғ пайкараи Ҳаким Фирдавсӣ гузошта шуда, ҳамзамон гулгаштҳо ва маконҳои муосири истироҳатӣ бунёд мегарданд. Ин иқдом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази оши палав ва Маҷмааи сайёҳӣ шинос гардид.
Зикр шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар ин мавзеъи хушбоду ҳаво, барои қабули меҳмонон ва сайёҳон шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Бо дарназардошти таърихӣ будани шаҳри Панҷакент, бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ таъсири назаррас расонад.
Ҳамзамон, дар шаҳр бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият бозори нав бунёд гардидааст. Пешбинӣ мешавад, ки соҳибкороне, ки ба фурӯши матоъ машғуланд, фаъолияти худро дар ин бозор ба роҳ монанд. Зимни боздид соҳибкорону фурӯшандагон барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бозори нав бо риояи талаботи муосир, аз ҷумла таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва меъёрҳои беҳдошти санитарӣ сохта шуда, барои харидорон ва фурӯшандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва рушди фаъолияти онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд