Машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ

Бо мақсади иштирок дар ҷаласаи машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ роҳбарону ҳайатҳои идораи сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва дигар меҳмонон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ва гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара масъулин меҳмононро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
8 апрели соли 2026 дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои шаш идораи сарҳадии давлатҳо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази зиддитеррористии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Машваратро муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб ифтитоҳ намуд.
Роҳбари Хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия, генерали артиш Владимир Кулишов раисикунандаи машварат интихоб гардид.
Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода дар кори машварат иштирок карда, меҳмононро ба вилояти Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт. Тазаккур дода шуд, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбарони кишварҳои ИДМ имрӯзҳо дар минтақа сулҳу субот пойдор буда, ҳамкории миёни давлатҳо дар ҳоли рушд аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз баимзорасии Эъломияи Хуҷанд, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд, изҳор дошт, ки ин санад на танҳо рамзи иродаи сиёсӣ барои рафъи ихтилофот буд, балки заминаи ташаккули низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам овард, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои умумӣ бунёд ёфтааст.
Марҳилаи нави муносибатҳои байни давлатҳои минтақа бо имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид.
Дар ҷараёни машварат иштирокчиён тадбирҳои андешидашавандаи идораҳои сарҳадии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ-ро ҷиҳати муқовимат ба таҳдидҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Дар ин замина, аҳамияти Барномаи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунӣ барои солҳои 2026–2030 ҳамчун механизми амалии татбиқи сиёсати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, ба фаъолсозии иштироки мақомоти марзӣ дар татбиқи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024–2028 ва Барномаи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026–2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа таҷрибаи мусбати ба рӯзномаи вохӯриҳои корӣ ворид намудани масъалаҳои мутахассисони (намояндагони) мақомоти марзӣ аз рӯйи самтҳои гуногуни фаъолият ва форумҳои байналмилалии илмиро, ки ба мубодилаи таҷрибаи амалӣ оид ба муқовимати пешгирикунанда ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосири амнияти марзӣ марбутанд, эътироф намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа маҷмӯи тадбирҳои амалӣ барои таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии Иттиҳод таҳия гардид.
Пас аз иштирок дар ҷаласаи машварти 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ ҳайати меҳмонон дар шаҳри Гулистон аз намоишгоҳи маҳсулот, ҳунару ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва анъанаҳои хоси миллати куҳанбунёди тоҷик шинос шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни муаририфи имкониятҳои вилоят иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳёи расму суннатҳои неки гузаштагон, рушди ҳунармандӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва рушди тамоми соҳаҳҳо таваҷҷуҳ равона шудааст.
Зимни боздид аз растаи маҳсулот ва меваҷоту сабзавот, ҳамчунин ҳунари дастӣ меҳмонон барои истиқболи гарму самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона изҳори сипос намуда, бори дигар мутмаин гардиданд, ки Тоҷикистон кишвари биҳиштсосо ва мамлакати рушдкарда буда, сулҳу суботи пойдор калиди ҳамаи музаффарриятҳо ва дастовардҳо аст.
Дар назар аст, ки меҳмононон-иштиркчиёни ҷаласаи машварти 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд боздид намуда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги бойи миллати мо бори дигар ошно шаванд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд