Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Зафаробод

Дар ноҳияи Зафаробод ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд.
6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ бо раванди корҳои сохтмонии як қатор иншоот, аз ҷумла фабрикаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Чӯҷаи фаровон» ошно шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар фабрика таҷҳизоту технологияҳои муосир насб гардида, дар оянда парвариши то 15 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм ба роҳ монда мешавад, ки метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат саҳми назаррас гузорад.
Ҳамзамон, дар маркази ноҳияи Зафаробод бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Нормуҳаммад Абдусамадзода маркази истеҳсолию хизматрасонӣ бунёд гардидааст. Марказ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он сехи қаннодӣ, бахши бастубанд ва қаҳвахона ташкил карда мешавад. Бунёди чунин иншоот барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зебо гардидани симои ноҳия мусоидат менамояд.
Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки амалисозии чунин иқдомҳои созандагӣ натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳияи Зафаробод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 590 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз бо саҳми мақомоти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони ватандӯст аз нақша зиёд иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ҳамин рӯз Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Маҳмудҷон Ёқубов ва Малоҳат Ҷӯраеваро аёдат намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва умри дароз таманно кард ва ба собиқадорон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд