6 апрел зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи кунунии пойгоҳҳои обкашӣ, аз ҷумла пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти пойгоҳ дар мавсими имсолаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшид.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар ноҳияи Зафаробод 12 адад пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, дар онҳо 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд васлу насб гардидааст. Соли 2025 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо 17 ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома баста, ба онҳо 246 миллион метри мукааб об дастрас намудааст.
Соли ҷорӣ мутахассисони соҳа бо анҷоми корҳои таъмиру омодасозии агрегатҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти об ба заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Соли равон низ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як агрегати нави обкашӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, дар пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» васлу насб шудааст.
Иқтидори агрегати нав 7 ҳазор киловатт-соат буда, метавонад дар як сония то 6 метри мукааб об кашад.
Зимни боздид Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд дар мавсими обрасонии имсола мушкилот ба миён наояд. Зеро ноҳияи Зафаробод аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта ва гирифтани ҳосили фаровон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия нақши муҳим дорад.
Айни замон тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳия беш аз 32 ҳазору 100 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо об таъмин карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




