Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи кории назди Раиси вилоят баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд санаи 29 марти соли равон баён гардида буданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якум ва муовинони Раиси вилоят вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дар машварат таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, анҷоми босифати кишти баҳорӣ, бахусус пахтакорӣ, фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида равона гардид.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, зарур аст шаҳру ноҳияҳо барои на кам аз 125 фоиз таъмин намудани истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Ҳамзамон, барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарху наво таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар барои кишоварзон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, масъулин вазифадор шудаанд, ки деҳқононро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Таъкид карда шуд, ки таъмини саривақтии пардохти маоши кормандон аз иҷрои нақшаи андоз вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин, роҳбари вилоят масъулинро муваззаф намуд, то барои ҷамъоварии пурраи андозҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, вобаста ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид гардид, ки маъракаи сафарбарӣ идома дошта, шумораи ихтиёриён сол аз сол меафзояд. Масъулин вазифадор шуданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи даъват чораҳои муассир андешанд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин зикр гардид, ки нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят иҷро гардида, иловатан бунёди боз 3 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт бояд ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, кашидани хатҳои обу барқ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.
Дар анҷом Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд