Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор шуд.

Дар машварат таъкид гардид, ки то имрӯз ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 12 ҳазору 66 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. То ҷашни умумимиллӣ иловатан 3000 иншооти дигар дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд мегардад.

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонӣ ва навсозии корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мумфарш намудани роҳҳои мошингард, ҳифзи маҳаллаҳои таърихӣ, бунёди толору майдонҳои варзишӣ идома дорад.

Зимни таҳлили вазъи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ Раиси вилоят барои бунёди иншооти иловагӣ ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ба масъулон супоришҳо дод. 

Ҳамзамон барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шудгори замин, яхобмонӣ, омодагӣ ба мавсими нави киштукор, нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо, бунёди гармхонаҳо аз ҷониби сохторҳои марбута, соҳибкорон ва аҳолӣ, инчунин шинонидани ниҳолҳо вобаста ба шароити обу ҳаво, пардохти саривақтии маошу нафақа ва кумакпулиҳо, баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, пешгирии зиёдшавии муҳоҷирони меҳнатӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, назорати сифати доруҳо дар дорухонаҳо, вазъи санитариву эпидемиологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баргузории шанбегиҳо дар муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ва соҳили дарёи Сир дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд. 

Дар анҷом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулони сохторҳои дахлдор барои татбиқи босамари супоришҳо ва таъмин намудани нақшаи корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд