Ба чаҳор ноҳияи пахтакор автомашина супорида шуд

25 ноябр дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ ба ноҳияҳое, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, электромобилҳои муосир тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, диққати махсус зоҳир менамояд. Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ то санаи 25 ноябр дар вилояти Суғд 118 ҳазору 223,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 90 фоизи нақшаи солона буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Раиси вилоят зикр кард, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ва меҳнати содиқонаи кишоварзон ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров тавонистанд нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намоянд. 

Қаблан, дар ҷамъбасти даври сеюми мусобиқаи меҳнатӣ ба ноҳияи Спитамен автомашинаи сабукрав тақдим гардида буд. Ин дафъа бошад ба раисони ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дар фазои тантанавӣ электромобилҳо супорида шуд.

Зикр гардид, ки зафармандии ноҳияҳои пахтакор натиҷаи азму талоши деҳқонон, хоҷагидорон, ҳашарчиён ва дастгирии пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Ҳамбастагӣ ва заҳмати содиқонаи масъулину кишоварзон ва ҳашарчиён имкон дод, ки нақшаи гузошташуда амалӣ гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд