Муаррифии лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар вилояти Суғд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муаррифии лоиҳаҳои иншооти дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёдшаванда баргузор гардид . 

Масъулини шаҳру ноҳияҳо, институтҳои лоиҳакашӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ нақшаву лоиҳаҳои иншооти мухталифро ба намоиш гузоштанд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои пешниҳодшуда таъкид дошт, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла сохтмон ва меъморӣ таъмин гардида истодааст. 

Роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки дар таҳия ва бунёди иншоот талаботи қоидаҳои сохтмонӣ, усулҳои муосир ва унсурҳои меъмории миллиро риоя намоянд.

Дар намоиш як қатор лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдову хизматрасонӣ, тавақуфгоҳҳо, ҷойҳои истироҳатӣ, майдончаҳои кӯдакон, хатти обу ташноб, роҳу пулҳо, толорҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва дигар иншооти зарурӣ рӯнамоӣ шуд. 

Бо дарназардошти афзоиши воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии роҳҳо, пешниҳоди лоиҳаи муосири эстакада дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати «Тиниал» ҳамчун як иқдоми муҳим баҳо дода шуд. Амалӣ гардидани он метавонад мушкилоти танбашавии нақлиётиро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Раиси вилоят бо ҳар як лоиҳа шинос шуда, барои мутобиқсозии онҳо ба талаботи замон тавсияҳои мушаххас дод.

Қайд гардид, ки лоиҳаҳои пешниҳодгардида мутобиқ ба талаботи маҳал ва меъёрҳои муосир таҳия шуда, татбиқи онҳо дар оянда ба рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд